And now some Lorem Ipsum to fill the content

Lorem ipsum dolor sit amet, consectetuer adipiscing elit. Praesent scelerisque commodo massa. Ut volutpat. Maecenas luctus augue quis velit.

Ut volutpat. Maecenas luctus augue quis velit. Lorem ipsum dolor sit amet, adipiscing elit. Scelerisque commodo massa.

Not a member yet? Sign Up

БАХШИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

  • Сифати таҳсилот

    Бахши идоракунии сифати таҳсилот сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифро амали карда низоми ягонаи миллии баҳогузорӣ ба сифати таҳсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд.

    Бахши идоракунии сифати тањсилоти Коллељи техникию омўзгории ноњияи Рўдакї, мувофиқи наќшаи корӣ, ки дар асоси «Барномаи идоракунии сифати тањсилот дар муассисањои тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбии Љумњурии Тољикистон», ки бо ќарори Шўрои Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф аз 17.02.2015, №3/4 тасдиќ шудааст, корњоро идома дода истодааст.

  • Барномаи идоракунӣ

    Дар муассисаи таълимї вобаста ба фаъолияти сифати тањсилот њуљљатгузорињо њама омода буда, мувофиќи наќшаи кории омодагардида фаъолияти босамари худро дар соли хониш пеш бурда истодааст. Бахши идоракунии сифати тањсилот њисоботи семоњаи худро дар муњлати муќараршуда ба Агентии давлатии назорат дар соњаи маориф ва илми назди Президенти Љумњурии Тољикистон ирсол менамояд. Бахши идоракунии сифати тањсилот бар он мекушад, ки сатњу сифати дониши донишљўёни муассисаи таълимї баланд бардошта шавад. Ва донишљўёни босаводу бо маърифати ба бозори мењнат раќобатпазирро омода намояд. Дар муассисаи таълимї аз рўи њамаи ихтисосњо омўзгорони ихтисосманд ва ботаљриба ба донишљўён дарс мегўянд.

    Дар соли 2021 баррасї ва тасдиќи наќшаи кории гурўњи идоракунии сифати тањсилот, амалї намудани дастуру супоришњои, адабиётњои илмию назариявї ва мављуд будани наќшањои таълимї ва барномањо, матни лексия, ширкат ба дарси устодон дар њамаи ихтисосњо, санљиши назоратї аз вазъи њуљљатнигорї, њолати омодагии омўзгорон ба дарс дар кафедрањо, санљиши гузаронидани дарсҳои кушод, назорати иштироки омўзгорон ба дарсњои њамарўзаи њамдигар, ва ѓайра назорат карда шуд.

  • Ҳисоботи санҷида баромадани донишҷӯён

    Дар давраи ҳисоботӣ санљида баромадани дониши донишљўён аз фанњои алгебра, геометрия ва методикаи таълими математика ба наќша гирифта шудаст. Фанҳои мазкур ба кафедраи табиӣ – риёзї таълуќ дошта, дар он омўзгорони ботаљриба Ашуров Ятим, Ќузиев Бањром, Каримова Гулнора, Абдуалимов Музаффар, ва мудири кафедра Дӯстов Доробшо дарс мегўянд.

  • Таҳлили дарсҳои омӯзгорон

    Њамзамон гурўњи корї бо омўзгорони ботаљрибаи муасиссаи таълимї Назарова Њ., ва Ќаландарова Д., њамкорї намуда дар дарси гурўњњои И-10Б, И-10А, И-10В, И-12Б, И-11А, И-12А, Тм-3, И-2, М-2, И-1, М-3, Х-10, И-10В, И-3, М-1, иштирок намудем. Дар натиља малакаи хуби касбии омўзгорон дарк карда мешуд, инчунин равиши њамаи дарсњои иштироккардашуда, хуб ба роњ монда шуда, дар самти таълим силабусњои фаннї ва маводњои лексиониву амалӣ дар гурўњњои академї ба чашм мерасид.

    Омўзгорони фаннї бо барномањо, маводњои таълимї таъмин буданд. Бо маќсади муайян намудани сатњи дониши донишљўён аз фанњои алгебра, геометрия ва методикаи таълими математика дар гурўњњо тестњои санљишї гирифта шуд, ки натиљаи чунин мебошад:

  • Санҷиши сатҳу сифати донишҷӯён

    Тибќи наќшаи кории гурўњи идоракунии сифати тањсилот дида баромадани санљиши сатњу сифати дониши донишљўёни гурўњњои техникї аз фанњои трактор ва сохти автомобилњо ба наќша гирифта шудааст. Аз фанњои трактор ва сохти автомобил омўзгорони ботаљриба Тураев Н., Муминов А., Шарипов З., дарс мегўянд. Дар синфхонањои техникї аёниятњо ва таљњизоту лавозимотњо омодаи дарс буда устодон бо шогирдон дарсњоро хуб мегузаронанд.

  • Рафти донишазхудкунии донишҷӯён

    Гурўњи кории сифати тањсилот рафти дарсгузарї ва донишазхудкунии донишљўёни гурўњњои техникиро мавриди санљиш ќарор дод. Бо маќсади муайян намудани сатњу сифати дониши донишљўён аз донишљўён тестњо (инчунин тестњои иловагї) гирифта шуд.

  • Дониши донишҷӯён оиди фанҳои гуманитарӣ

    Дар давоми соли 2021 тибќи наќшаи кории гурўњи идоракунии сифати тањсилот дида баромадани сатњу сифати дониши донишљўён аз фанњои таърих, фалсафа, љомеъашиносї ва назарияи иќтисод буд. Мавриди зикр аст, ки аз фанњои зикршуда омўзгорони пуртаљриба аз љумла: Ѓалчабеков М., Пањлавонов С., Раљабзода А., Саидзода А., Мамадшоев П., Ќаландарова Д., Гадоев Н., Давлатёров С., ва Ашуров З., дарс мегўянд. Гурӯҳи корӣ бо сардори бахши сифати таҳсилот дар дарсҳои омўзгорони фаннї иштирок намудаем, ки омўзгорон бо барномањо, маводњои таълимї таъмин буданд.

    Дониши донишљўён аз фанни болозикр нисбатан хубтар мебошад. Тартиби дарсњо хело хуб ба роњ монда шудааст. Аз тарафи мудири кафедра пеш аз ба дарс даромадани омўзгорон силабус, маводи лексионї ва аёният барои дарси лексия ва КМРО (амалї) аз назар гузаронида мешавад. Гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот бо маќсади муайян намудани дараљаи дониши донишљўён, аз фанњои болозикр дар гурўњњои И-1, И-2, И-3, И-11А, И-11Б, И-12А, И-12Б, Х-1, Х-2, Х-11, Х-11, Т-1, Т-1, Т-2, З-1, З-2, Р-1, Р-2, М-1, М-2 тест ва корњои санљишї (шифоҳӣ ва санљиши тестї) гирифтанд

  • Санҷиши сатҳи сифтаи дониши донишҷўён аз фанҳои табиӣ-риёзӣ

    Дар моњи майи соли 2021 тибќи наќшаи кории гурўњи идоракунии сифати тањсилот санљиши сатњи сифтаи дониши донишљўён аз фанњои физика, химия, биология ва табиатшиносї ба наќша гирифта шудааст. Аъзоёни гурўњи идоракунии сифати тањсилот рафти дарсгузарии омўзгорон ва донишазхудкунии донишљўёнро аз фанњои болозикр мавриди санљиш ќарор дод. Бо маќсади муайян намудани сатњу сифати дониши донишљўён аз гурўњои болозикр тестњо, корњои санљишї гирифта шуд

  • Санҷиши ҷараёни таълим

    Дар моњи сентябри соли 2021 тибќи наќшаи кори гурўњи идоракунии сифати тањсилот санљиши рафти љараёни таълим бо маводи тадрисӣ дар мисоли айёниятҳо, воситаҳои техникӣ, адабиётҳои илмию назариявӣ ва мавҷуд будани нақшаҳои таълимї, корї ва барномаҳо, матни лексия, ширкат ба дарси устодон дар ҳамаи ихтисосҳо, санљиши гузаронидани дарсҳои кушод дар кафедраҳо, назорати иштироки омўзгорон ба дарсҳои ҳамарўзаи ҳамдигар, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ва иштирок дар ташкилу гузаронидани маҳфилҳои фаннї дар кафедраҳо буд, ин аз љониби аъзоёни гурўњи кории сифати тањсилот мавриди санљишу назорат ќарор гирифтааст.

  • Санҷиши барномаҳои тахлимии омӯзгорон

    Дар моҳи октябри соли 2021 бахши идоракунии сифати таҳсилот, тибқи амалӣ намудани дастуру супоришҳои маъмурият, санҷиши барномаҳои таълимӣ (силабус), адабиётилмию назариявӣ ва мавҷуд будани нақшаҳои таълимӣ ва матни лексияҳои омӯзгоронро назорат намуд. Дар вақти санҷиш муайян карда шуд, ки ҳамаи омӯзгорон бо барномаҳои таълимӣ (силабус) ва маводҳои лексионӣ таъмин ҳастанд.